ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Баъди боло бурдани нархи гази моеъ аз ҷониби Қазоқистон, аз аввали моҳи июли соли 2016 дар Душанбе нархи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ тақрибан то 30% боло рафт.
То боло рафтани нарх арзиши 1 литри гази моеъ 2,8 сомонӣ буд, айни замон бошад 3,6 соомнӣ нарх дорад.
Дар Тоҷикистон, ки солҳои охир гази моеъ чун сӯзишвории асосӣ ба ҳисоб меравад, 60%-и ронандагон маҳз аз ни намуди сӯзишворӣ истифода мебаранд.
Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 221,1 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуда, тақрибан 70%-и он ба Қазоқистон рост меояд.
Қазоқистон, ки яке аз кишварҳои асосии таъминкунандаи гази моеъ дар Тоҷикистон мебошад, нархи гази моеъро аз 1 июли соли 2016 боло бурд.
"Муайян карда шудааст, ки бо сабаби қимат будани нархи яклухт дар кишварҳои ҳамсоя Русия-59019 тенге ($170) барои як тонна, Тоҷикистон-104864 тенге ($302) барои як тонна, гардиши зиёди бор дида мешавад, фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дар ҳамин кишварҳо фоидаовар аст",-хабар доданд дар мақомот.
Қаблан хабар дода шуд, ки вакилони палатаи поёнии Қазоқистон лоиҳаи қонун "Дар бораи тасдиқи созишнома дар бораи ҳамкориҳои стратегӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуданд.
Мувофиқи шартнома тарафҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳамчунин мудофиаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ намуда, ба соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш диққати махсус медиҳанд.