ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори меҳмонхонаи "International Hotel Tashkent" бахшида ба 25-солагии истиқлолият зиёфати расмӣ орост, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ ҶТ.
Дар чорабинии мазкур муовини сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Икромов, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Ниёзхоҷаев, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ, сарварон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Тошканд, арбобони илму фарҳанг ва санъат, хабарнигорони воситаҳои ахбори омма ва ҳамватаноне, ки дар Ӯзбекистон иқомат доранд, иштирок намуданд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Имомӣ зиёфати расмиро бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд.
Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Насиба Абдуллоева бо сурудҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хотири ҳозиринро шод гардонд. Дар рафти пазироӣ филми мустанад дар бораи таърих, табиат, фарҳанг, анъана ва дастовардҳои навини Тоҷикистон пахш гардид.
Дар толори макони чорабинӣ гӯшаи этнографӣ дар бораи таъриху фарҳанги бостонӣ ва анъанаҳои ғании миллати тамаддунофари тоҷик ташкил карда шуд.
Ҳамчунни бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатӣ рӯзи 9 сентябр дар маркази шаҳри Душанбе гузашти низомӣ ва роҳпаймоӣ бо иштироки 60 ҳазор нафар доир гардид.
Дар кӯчаҳои зебои Душанбешаҳр намояндагони мақомотҳои гуногуни кишвар бо либосҳои махсуси идона роҳпаймоӣ карда ҳамдигарро бо ин ҷашни бузург табрик гуфтанд.
Ҳамчунин қаблан хабар дода шуд, ки ҳамаи донишҷӯёне, ки дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ ширкати фаъолона доштанд, метавонанд дар давоми соли равон, ройгон савори автобус ва троллейбус шаванд.
Қарори мазкур дар маҷлиси мақомоти шаҳрдории пойтахт қабул шуда, акнун 12,8 ҳазор нафар донишҷӯён аз пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои шаҳр озод карда мешаванд. Ба ҳамаи онҳо билетҳои махсуси роҳкиро (проездной) дода мешавад.