Таҷлил аз истиқлолияти Тоҷикистон дар Қазоқистон

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкШаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Остона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Санаи 9-уми сенятбр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон барномаи консертӣ бахшида ба Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Рӯзи ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Қазоқистонро Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон муайян кардааст.

Хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки санаи 9-уми сенятбр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Рақси  миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон

Дар он гурӯҳи ҳунарпешагони Ансамбли ҳунарию сафарии «Базморо» бо роҳбарии устоди рақс Қурбон Холов иштирок хоҳанд кард, хабар медиҳад манбаъ.

Ҷашни давлатии Истиқлолияти давлатӣ ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 9-уми сентябр таҷлил меёбад ва бахшида ба ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0