ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тӯли моҳҳои январ-июли соли 2015 Тоҷикистон ҳудуди 184 ҳазору 476,5 тонна гази моеъ ворид кардааст, ки ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш 14,5% зиёдтар аст, қайд мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ.
Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхти кишвар ин намуди маҳсулотро аз Русия ва Туркманистон харидорӣ мекунанд, аммо 80%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ба ҷумҳурӣ интиқол меёбад.
Моҳи июли соли равон ба Тоҷикистон 30 ҳазору 568,4 тонна гази моеъ ворид шудааст, ки дар нисбати моҳи июли соли гузашта 124,5 тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, беш аз 60%-и нақлиётчиёни кишвар аз ин намуди сӯзишворӣ истифода мекунанд.
Сабаби ба истифодаи гази моеъ гузаштани Тоҷикистон ин буд, ки соли 2010 Русия, кишвари аслии содиркунандаи маводи нафтӣ барои кишварҳое, ки шомили Иттиҳоди гумрукӣ нашуда буданд, боҷи гумрукии иловагӣ роҳандозӣ намуд. Он вақт саҳми сӯзишвории русӣ дар бозори Тоҷикистон ҳудуди 90%-ро ташкил медод, солҳои охир ин рақам ба 30-40% баробар шудааст.
Он вақт арзиши маводи сӯхт, аз ҷумла бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар афзуда, истифодабарандагон маҷбур шуданд роҳи алтернативии таъмини нақлиёт бо маводро дарёфт намоянд