Тоҷикистонро ҷаҳон хоҳад шинохт: баргузории намоиши байналмиллалӣ дар Душанбе

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкНамоиши рассомон. Акс аз бойгонӣ
Намоиши рассомон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки чорабинии фарҳангӣ, ки дар охирҳои моҳи оянда баргузор хоҳад шуд, рассомони 45 кмшвари ҷаҳонро дар пойтахти тоҷикон ба ҳам меорад.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Охирҳои моҳи октябр ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри душанбе рассомони кишварҳои гуногуни ҷаҳон сафар мекунанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Санаи 25-28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоиши байналмилалии рассомон баҳри сулҳ таҳти унвони  "Гавҳари Роҳи абрешим" — Тоҷикистон рӯи худро ба ҷаҳон мекушояд — ҷаҳон Тоҷикистонро дарк менамояд!" баргузор мегардад. Дар намоиш иштироки рассмони 45 кишвари дунё дар назар аст.

Дар Маскав асарҳои рассомони тоҷикро ба намоиш мегузоранд

"Намоиш аз ҷониби Иттифоқи байналмилалии рассомон баҳри сулҳ, Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии табодул "Саёҳат ба хотири сулҳ" бо ҳамкории Бунёди Мукофоти Сулҳи Роҳи абрешим ва Бунёди Европоию Хитойии фарҳанг ва маълумот таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад",-омадааст дар хабарнома.

Чорабиниҳои асосӣ дар осорхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин қайд мешавад, ки меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию дидании Тоҷикистон дидан хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0