ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар пойтахти Русия намоиши расмҳои рассомони тоҷик зери унвони "Рангҳои биҳишт" ифтитоҳ мегардад, менависад торнамои "Осорхонаи Шарқ".
Дар намоишгоҳ ҳудуди шаст асари рассомони тоҷик шурӯъ аз соли 1960 то соли 2010 ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамаи расмҳо аз осорхона-коллексияи хусусии Раиси суди ҳакамии ширкатҳои сохтмонии Маскав, метсенат ва ҷамъоваранда Юлия Вербитская мебошанд.
"Зуҳур Ҳабибуллоев, Любов Флорикова, Владимир Бабарикин, Алексей Бесперстов, Сабзалӣ Шарипов ва дигар рассомони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳуранд, вале тамошобини рус бо асарҳои онҳо он қадар шинос нестанд. Намоишгоҳи "Осорхонаи Шарқ" ин холигоҳро пур хоҳад кард",- гуфта мешавад дар итилоъия.
Тоҷикистон аз қадимулайём бо санъати амалӣ ва ороишии худ машҳур аст. Соли 1930 бо таъсири рассомони рус дар кишвар санъати наққошӣ рӯ ба рушд ниҳод.
"Мақоми марказиро дар намоишгоҳ асарҳои Зуҳур Ҳабибуллоев хоҳад дошт. Санъати ғайриодии ӯ борҳо боиси баҳсҳо гардиданд",-омадааст дар хабари манбаъ.
Дар намоишгоҳ ҳамчунин нусхаи олии асари машҳур "Ғиҷҷак" (асбоби мусиқии тоҷикӣ) ба намоиш гузошта мешавад.
"Санъати наққошӣ, зебоиҳо ва ороишӣ Шарқро бо тасвири Ғарб якҷо кард. Махсусан, ҳамин зебоии зиндагии ИҶШС (СССР) натанҳо диққати коршиносонро ба худ ҷалб менамояд, балки ҳар як дӯстдори асили расмро тасхир мекунад",- менависад сомона.
Чанде қабл Намоишгоҳи XIX-уми байналмилмилалӣ дар хонаи марказии рассомон таҳти унвони "Симои Замон" баргузор гардид. Дар намоишгоҳ асарҳои рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шуданд ва аз ҷониби коршиносону мунаққидон баҳои баланд гирифтанд.