Интиқоли маблағ тариқи саҳифаи иҷтимоии “ВКонтакте”

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкЛоготипи саҳифаи иҷтимоии "ВКонтакте". Акс аз бойгонӣ
Логотипи саҳифаи иҷтимоии ВКонтакте. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштариён метавонанд маблағи фиристодаро дар давоми панҷ шабонарӯз гиранд. Дар сурати гузаштани мӯҳлат пул ба корти ирсолкунанда бармегардад.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар саҳифаи иҷтимоии "ВКонтакте" хизматрасонии ҷадид ба вуҷуд омадааст. Акнун муштариён имкон доранд ба ҳамдигар маблағи пулӣ фиристанд, омадааст дар хабарномаи Mail.Ru Group.

"Маблағро метавон тариқи паёмак бо истифода аз корти бонкӣ фиристод. Рақами корти пулгиранда лозим намешавад-пулгиранда худ хулоса мекунад, ки маблағро ба кадом корт гузаронад",-омадааст дар хабар.

Интиқол байни кортҳои Mastercard, Maestro  ва Visa-и истеҳсоли Русия, ҳамчунин кортҳои Mastercard ва Maestro-и истеҳсоли Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Олмон, Гурҷистон, Исроил, Итолиё, Қазоқистон, Латвия, Литва, Молдова, Руминия, Узбакистон, Фаронса, Чехия ва Эстония сурат мегирад.

Шабакаи иҷтимоии Instagram. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Instagram тарҷума карданро меомӯзад

Интиқоли маблағ танҳо бо рубли русӣ ба роҳ монда шуда, муштариён имкон доранд аз 100 рубл то 75 ҳазор рубли русиро фиристанд. Комиссияи интиқол тариқи корти Visa-1% аз маблағи интиқолшуда мебошад. Дар доираи лоиҳа, дар сурати интиқоли маблағ тавассути кортҳои Mastercard ва Maestro то охири сол комиссия гирифта намешавад.

Муштариён метавонанд маблағи фиристодаро дар давоми панҷ шабонарӯз гиранд. Дар сурати гузаштани мӯҳлат пул ба корти ирсолкунанда бармегардад. Ирсолкунанда бошад метавонад то замони  гирифта нашудани маблағ амлаиётро бекор кунад.

Хизматрасонӣ аллакай дар сайтҳо ва нармафзорҳои расмии Android  ва Windows Phone  фаъол аст. Ба соҳибони iPhone интиқоли маболиғ дар якҷоягӣ бо навсозии хизматрасонӣ фароҳам шуда, қабули маблағ аллакай дастрас аст, гуфта мешавад дар матни хабарӣ. Қисмати техникии хизматрасонӣ аз ҷониби бонки "ВТБ 24", ширкати "МультиКарта" ва Mail.Ru Group пешниҳод карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0