Instagram тарҷума карданро меомӯзад

© SputnikШабакаи иҷтимоии Instagram. Акс аз бойгонӣ
Шабакаи иҷтимоии Instagram. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Интизор меравад, ки моҳи оянда барои муштариёни шабакаи иҷтимоии Instagram барои телефонҳои мобилӣ функсияи тарҷумаи хабарҳо, шарҳҳо, аксҳо ва видео ҳамчунин сафиҳаи истифодабарандагон ба забонҳои гуногуни ҷаҳон фаъол шавад.

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар давоми моҳи оянда дар шабакаи иҷтимоии Instagram функсияи тарҷумаи паёмҳои матнӣ ба забонҳои гуногуни хориҷӣ пайдо мегардад, иттилоъ дода мешавад дар саҳифаи расмии Instagram.

Дар саҳифаи расмии ин шабака аз ҷумла гуфта мешавад, "ҷомеаи шабакаи интернетии Instagram дар муддати кӯтоҳ муштариёни зиёдеро ҷамъ кард ва ғайри интизор  ба шабаки иҷтимоии глобалӣ табдил ёфт. Ва мо шод аз онем, ки ба зудӣ шумо метавонед тамоми хабарҳои ин шабакаро новобаста аз мансубияти забонӣ дарк намоед".

Ёдовар мешавем, ки дар шабакаи иҷтимоии Facebook, ки ба Instagram тааллуқ дорад, функсияи тарҷумаи хабарҳо ва шарҳҳо фаъол аст.

Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обунаи 1,5 ҳазор дар ду рӯз ба “Instagram”-и президенти Қирғизистон

Чанде пеш асосгузори Facebook Марк Цукерберг дар шабакаҳои интернетӣ аксеро паҳн намуд, ки дар он Instagram-ро бо шумораи зиёди муштариён (ба 500 миллион расидани истифодабарандагони якмоҳаи шабака) табрик намудааст.

Аз шабакаи Instagram кормандони воломақоми давлатӣ низ истифода мебаранд. Қабалан хабар дода шуд, ки ба Instagram-и президенти Қирғизистон Асломбек Отамбоев  дар давоми ду рӯз 1,5 ҳазор нафар обуна шудаанд. Пешвои 79-солаи католикҳои дунё, попи Рум низ аз саҳифаҳои иҷтимоӣ фаъолона истифода мекунад. Саҳифаи Twitter-и попи Рум аз соли 2012  ин сӯ фаъол буда  рӯзи 19-уми марти соли равон ӯ дар шабакаи Instagram саҳифа кушод.

 

Лентаи хабарҳо
0