Дар Женева маркази фарҳангии “Ошёни тоҷик” кушода шуд

© Официальный сайтМаркази фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева
Маркази фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Женева - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази фарҳангӣ барои хориҷиёнро бо фарҳанг ва таърихи бойи халқи тоҷик шинос кардан ва пешниҳод намудани маълумотҳо дар бораи ҷойҳои саёҳатбоби Тоҷикистон хизмат мекунад.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Женева маросими ифтитоҳи маркази фарҳангии "Ошёни тоҷик" баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Тоҷикистон.

Дар маросими ифтитоҳ шаҳрвандони тоҷики муқими Швейтсария, намояндагони корпуси дипломатӣ, мақомоти расмӣ ва дустони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Ифтитоҳи маркази фарҳангӣ ба 25-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, қайд намуд сафири Тоҷикистон Ҷамшед Ҳомидов.

Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Абу Забии АМА

"Маркази фарҳангӣ барои шинос намудани хориҷиён бо фарҳанг ва таърихи бойи халқи тоҷик ва пешниҳод намудани маълумотҳо  дар бораи ҷойҳои саёҳатбоби Тоҷикистон хизмат мекунад",- омадааст дар хабар.

Қайд кард мешавад, ки сафорат нақша дорад, то дар оянда дар марказ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ доир намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Швейтсария намояндагӣ кунад.

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0