ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дар шаҳри Абу Забии Амороти муттаҳидаи Араб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Сафорати ҶТ-ро ифтитоҳ намуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии президент.
Баъди буридани лентаи рамзӣ оқои Раҳмон бо шароити кори кормандони сафорати Тоҷикистон дар толор ва утоқҳои корӣ шинос шуд. Бинои мақомоти дипломатии кишвар дар шаҳраки намояндагони корпусҳои дипломатии Абу Забӣ бунёд шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ аст.
Ба иттилоъи манбаъ, бино аз 3 ошёна ва утоқҳои барҳаво иборат мебошад. Дари даромадгоҳ ва пешайвон бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби устоҳои гулдасти тоҷик ороиш дода шудааст.
"Дар паҳлуи бинои сафорат як иморати дигари дуошёна бо шароити мусоиди зист барои кормандон сохта шудааст. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки масъалаи таъмини манзили зисти намояндагони сафорат ҳам ҳал гардад",- меафзояд сарчашмаи хабар.
Бунёди бинои сафорат аз моҳи сентябри соли 2014 оғоз гардида, 17 марти соли 2016 дар ҷараёни сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба истифода дода шуд.