ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ҳайъати ҳукуматии Ӯзбакистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия(муайян намудани сарҳад ва нишонагузорӣ) 23 ҳудудҳои байнисарҳадии ин ду кишварро ташхис намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ Ӯзбакистон.
Пештар ВКХ Ӯзбакистон хабар дода буд, ки ташхиси майдони сарҳади давлатии Ӯзбакистон ва Қирғизистон бо мақсади дарёфти ҳалли мушкилиҳои мавҷудаи убури сарҳади давлатӣ гузаронида мешавад.
"Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда аз санаҳои 14-ум то 20-уми сентябри соли 2016 дар шаҳри Ҷалилобод ва Ош вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайъати ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбакистон ва Қирғизистон оид ба масъалаҳои демилитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатии Ӯзбакистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар натиҷа дар 23 қитъаҳои сарҳади давлатӣ тадқиқотҳои саҳроии муштарак гузаронида шуд,- омадааст дар хабар.
Чуноне ки дафтари матбуот мегӯяд, дар натиҷаи ин вохӯрӣ протокол ба имзо расид.
Пас аз пошхӯрии ИҶШС қариб чоряки ҳудудҳои байнисарҳадии Қирғизистону Ӯзбакистон азхуд карда нашудааст, ки мудом манбаи хархашаи байни ин ду давлат мегардад.
Даҳ соли охир дар ин ҳудуд даҳҳо маротиба задухӯрдҳои сарҳадӣ бо истифодаи яроқ ба амал омадааст. Пас аз он ки соли 2015 Ҷумҳуриии Қирғизистон аъзои Иттиҳоди АвруОсиё гардид, сарҳади ҷумҳурӣ ба қисми ҷанубии иттиҳодияи ҳамгироӣ табдил ёфт.