Ду шаҳрванди ҶҚ хостанд 25 тонна маъдани Тоҷикистонро ба ватанашон баранд

Обуна шудан
Ду шаҳрванди Қирғизистон дар дохили автомобил ба таври ғайриқонунӣ 25 тонна маъданро барои фурӯш ба Қирғизистон бурдаанд. Гунаҳкоронро ҷарима карданд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ду шаҳрванди Қирғизистон хостанд ба таври ғайриқонунӣ қисми нисбатан калони маъданро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол диҳанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон.

Гунаҳкорон дар ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд аз ҷониби марзбонон дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дастгир карда шуданд.

"Шаҳрвандони Қирғизистон" дар дохили автомашинаи "HOWO" хостанд аз Тоҷикистон ба Қирғизистон 25 тонна маъданро ғайриқонунӣ интиқол диҳанд. Зимни тафтишот маълум гардид, ки гунаҳкорон бо худ ягон ҳуҷҷати мувофиқро надоранд",-омадааст дар иттилоия.

Сарҳадбони қирғиз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз низоъ: Бишкек ва Тошканд дубора сарҳадҳои худро боз намуданд

Бар асоси қонун гунаҳкоронро маҷбур карданд, то ҷаримаи маъмурӣ супоранд. Бор ба Кумитаи амнияти миллии ҷумҳурӣ супорида шуд.

Ин дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳодисаи аввалин набуда, қаблан хабар дода шуд, ки се шаҳрванди Узбакистон барои кушиши интиқоли ғайриқонунии тилло ва сангҳои қимматбаҳо аз Қирғизистон ба аз ҳафт то даҳ соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум карда шудаанд.

Ҳамчунин чанде пеш ронандае, ки аз Тоҷикистон ба Қирғиизстон сафар мекард, хост 21 тонна пиёзро ба таври ғайриқонунӣ интиқол диҳад.

Лентаи хабарҳо
0