Дар интихоботи президентии Узбакистон чор ҳизб ширкат мекунанд

© AFP 2023 / DMITRY ASTAKHOV  / Гузариш ба медиабонкШавкат Мирзиеёв. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Мирзиеёв. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби сотсиал-демократии Узбакистон “Адлолат”, Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби либерал-демократ ва Ҳизби демократияи миллӣ “Миллий тикланиш” мехоҳанд дар интихоботи раисҷумҳур иштирок намоянд.

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Бино ба иттилои Комиссияи марказии интихоботии икшвар, Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон "Адлолат", Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби либерал-демократ ва Ҳизби демократияи миллӣ "Миллий тикланиш"  рӯзи сешанбе ҳуҷҷатҳои расмии худро барои ширкат дар интихобот пешниҳод кардаанд.

Қаблан  Ҳизбҳои либерал-демократ ва Ҳизби демократияи миллӣ "Миллий тикланиш"  пешниҳоди ҳуҷҷат карда буданд.

Бар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, Комиссияи марказии интихоботӣ дар муддати панҷ рӯз қарори ниҳоиро дар бораи  тасдиқ кардани иштироки ин ҳизбҳо қабул хоҳад кард.

Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев номзадии худро ба мақоми президентии Ӯзбакистон гузошт

Ҳизби либерал демократии Узбакистон аз номи худ номзадии президенти муваққати кишвар-Шавкат Мирзиёевро пешбарӣ карда, "Миллий тикланиш"-муовини раиси парлумони палатаи поёнӣ Сарвар Отамуродов, "Адолат" ва Ҳизби халқии демократӣ бошанд, раисони ҳизб-Наримон Умаров ва Ҳотамҷон Кетмоновро пешбарӣ кардаанд. Иштироки номзадҳо баъди муҳокима дар анҷумани ҳизбҳо, ки моҳи октябр гузаронида мешавад, тасдиқ карда хоҳад шуд.

Айни замон дар Узбаккистон чор ҳизб арзи вуҷуд доранд.

Аввалин перзиденти Ӯзбакистон Ислом Каримов санаи 2-уми сентябр дар синни 78-солагӣ аз бемории инсулт вафот кард. Вазифаи роҳбарии давлатро айни ҳол сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев бар ӯҳда дорад.

Интихоботи президентӣ дар Узбакистон санаи 4-уми декабр гузаронида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0