Шавкат Мирзиёев номзадии худро ба мақоми президентии Ӯзбакистон гузошт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкШавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ
Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзоёни ҳизби либерал- демократии Ӯзбакистон якдилона барои ба мақоми президентии кишвар пешбарӣ намудани номзадии ҳамкори сиёсии хеш - Шавкат Мирзиёев, дар интихоботи дарпешистода овоз доданд.

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Сарвазири Ӯзбакистон, ки пас аз марги ногаҳонии  Ислом Каримов  мауваққатан вазифаи президентии кишварро иҷро мекунад, ба шумораи номзадони  раисҷумҳур пешниҳод шуд, хабар медиҳад КМИ (комиссияи марказии интихобот)-и кишвар дар саҳифаи Facebook.

"Дар маҷлиси шӯрои сиёсии УзЛиДеП (ҳизби либерал-демократии Ӯзбакистон-шарҳ аз идора) номзадии Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентии кишвар дар интихобот пешниҳод намуд",- омадааст дар хабари комиссия.

Шавкат Мирзиеёв. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Президенти муваққатии Узбакистон рӯи нахустин қонуни худ имзо гузошт

Аввалин перзиденти Ӯзбакистон Ислом Каримованаи санаи 2-уми сентаябр дар синни  78-солагӣ аз бемории инсулт  вафот кард. Роҳбари сенати кишвар, ки мувофиқи сарқонуни Ӯзбакистон вазифаи президенти муваққатан ба ӯ мегузашт, аз ин вазифа даст кашид.

Чуноне ки аз КМИ Ӯзбакистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов хабар медиҳад,интихоботи президентии кишвар санаи 4-уми декабр баргузор мегардад. Пешбарии номзадҳо ба ин вазифа аз санаи 30-уми сентябр оғоз гашта, то 20-уми октябр давом мекунад.

Лентаи хабарҳо
0