ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар шаш маркази овоздиҳии шаҳри Душанбе дар интихоботи Думаи давлатии ФР 4 ҳазору 310 нафар иштирок карданд, иттилоъ дод раиси комиссияи интихобот Валерий Дергачев.
"Дар се нуқтаи овоздиҳӣ, пойгоҳи 201-ум-дар шаҳри Душанбе ва Қурғонтеппа, дар обекти низомии "Окно"-и Норак ва намояндагӣ дар шаҳри Хуҷанд, 3 ҳазору 488 нафар иштирок карданд. Дар нуқтаи овоздиҳии Россотрудничестваи шаҳри Душанбе бошад-822 нафар дар интихобот иштирок карданд",-гуф ӯ.
Ӯ қайд кард, ки мувофиқи ҳисоботи пешакӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 60%-и овозҳоро ҳизби "Русияи воҳид" соҳиб шуда, пасон аз рӯи натиҷаи овоздиҳӣ ҳизби либерал-демократ ва ҳизби коммунист қарор гирифтанд.
"Интихобот дар фазои ором бо иштироки фаъоли овоздиҳандагон баргузор гардид",-илова кард Дергачев.
Дар интихоботи қаблии Думаи давлатӣ, ки моҳи декабри соли 2011 баргузор гардид, дар Тоҷикистон 7 ҳазору 753 нафар овоздизҳандагон ширкат варзиданд.