Намояндагони Тоҷикистон интихоботи Думаи давлатии Русияро назорат мекунанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкОвоздиҳии пешакӣ дар интихоботи Думаи давлатии ФР
Овоздиҳии пешакӣ дар интихоботи Думаи давлатии ФР - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихоботии Русия намояндагони Тоҷикистонро ба сифати нозирони интихоботи вакилони Думаи ФР даъват намуданд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кумитаи марказии интихоботии Русия, намояндагони кишварҳои Осиёи Марказиро барои иштирок дар назорати байналмиллаӣ аз рафти интихоботии вакилони Думаи давлатӣ даъват намуд, хабар медиҳад торномаи КМИ ФР.

Бино ба иттилои манбаъ даъватномаҳо ба 43 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Белорус, Арманистон, Озарбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Абхазия, Осетияи Ҷанубӣ, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Муғулистон, Латвия, Сербия, Хорватия, Полша, Венгрия, Босния ва Герсоговина равон карда шуданд.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Натиҷаҳои ниҳоии интихобот аз сӯи КМИРТ эълон шуд

"Дар руйхати кишварҳои даъватшуда ҳамчунин Боливия, Мексика, Перу, Бразилия, Эквадор, Венесуэла, Коста-Рика, Ҷумҳурии Доминикан, Аргентина, Колумбия, Кореяи Ҷанубӣ, Филиппин, Индонезия, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Ангола, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Чин, Ҷопон, Покистон, Миср, ИМА ва Украина ҷой дода шудааст",-омадааст дар иттилоия.

Интихоботи вакилони Думаи давлатии Федератсияи Русия 18 сентябри соли 2016 баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони КМИ Русия дар интихоботи рӯзи 22 майи соли 2016  дар Тоҷикистон ба ҳайси назораткуннадагон иштирок карда буданд.

Лентаи хабарҳо
0