ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Таркиш дар Ню-Ҷерсии ИМА ба амал омад. Инфиҷор дар ҳудуди роҳи оҳан, ки пештар аз он ҷо дастгоҳи шубҳанок ёфт гардида буд, ба амал омад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба портали иттилоотии NJ.com.
Пештар хабар дода шуд, ки дар истгоҳи Элизабети иёлоти Ню-Ҷерси бастаи шубҳанок, тахминан бо маводи таракандаи худсохт, ёфт гардидааст. Ҳаракати қатораҳо ба воситаи истгоҳи мазкур қатъ гардонида шуд.
Ба гуфтаи раиси шаҳр Элизабет, тақрибан соатҳои 21:30 ду мард дар назди партов маводи тарканда дарёфт намуданд ва ба полис хабар доданд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳаракати қатораҳои истгоҳро ба хотири бехатарӣ қатъ гардониданд.