Кучерена: филми нав тақдири Сноуденро тағйир медиҳад

© AFP 2023 / FREDERICK FLORIN Эдвард Сноуден ҳангоми сӯҳбат тариқи видео мост. Акс аз бойгонӣ
Эдвард Сноуден ҳангоми сӯҳбат тариқи видео мост. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба фикри ҳимоятгари собиқ агенти мақомоти Амрико, президенти нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нафаре хоҳад шуд, ки Эдвард Сноуденро бубахшад.

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Дар экранҳои синамои Русия филми нави ғолиби Оскари коргардон-Оливер Стоун таҳти унвони "Сноуден", ки дар бораи тақдири яке аз машҳуртарин агенти хадамоти махсуси Амрико нақл мекунад, намоиш дода мешавад. Дар филм роҳи ҳаёти  Эдвард Сноуден аз муборизи зидди терроризм будан то хабар доданаш  дар боари назорати маркази кашфи ИМА  (ЦРУ) ва Агентии амнияти миллӣ нишон дода мешавад.

Дар бораи филми ҷадид ба хабарнигори  Sputnik ҳуқуқшинос Анатолий Кучерена, ки асоси филм аз китоби навиштаи ӯ гирифта шудааст нақл кард.

Ватандӯсти ҳақиқӣ

Ба гуфти ҳуқуқшинос Анатолий Кучерена, Эдвард Сноуден аллакай филми нави Оливер Стоунро тамошо кардааст. Ва нигоҳи ӯ нисбати ин филм мусбӣ аст.

Сноуден дар бораи барномаи назорат дар ИМА: ғайриқонунӣ ва бесамар буд

"Барномаи саҳнавии филмро Оливер Стоун ҳамроҳи Киран Фитсҷералд-барноманависи таҷрибадор навиштааст",-нақл кард Кучерена. —Албатта дар филм дасти нависандаи барҷаста ҳис мешавад. Ман ҳам бо Оливер дар бораи филм баҳс карда будам. Чун дар аввал нигоҳҳои мо нисбати чи гуна будани филм, мухолиф буданд. Ва Оливер-закӣ аст. Ӯ дарк кард, ки филм дар бораи Сноуден бояд чун филм дар бораи шахсият бошад".

Ҳимоятгар тағйир ёфтани тақдири зерҳимояи худ-Сноуденро баъди пахши филм аз эҳтимол дур намедонад.

"Дар филм нишон дода мешавад, ки Эдвард дӯстдори ватани худ-Амрико аст,-изҳор дошт Кучерена. —Ва имрӯзҳо аксари ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ диққати худро ба ин масъала равона карда, ҳатто ба Обама дар робита бо ин муроҷиатномаҳо пешниҳод мекунанд. Онҳо дарк карданд, ки аз ҷониби Сноуден ягон хел хиёнат ба ватан нашудааст. Ӯ дар бораи муносибати мақомотҳои махсуси Амрико нисбати шаҳрвандони ин кишвар ва дигар мамолики ҷаҳон, ҳақиатро ошкор кардааст".

Сноуден - барандаи ҷойизаи «Тарзи дурусти зиндагӣ»

Ба гуфти ҳуқуқшинос Сноуден танҳо ошкор кард, ки  дар ҷаҳони муосир  аз болои ҳар як шаҳрванд назорати дақиқ бурда мешавад, хондани паёмакҳо ва ворид шудан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон.

Барои чи бояд ӯро ба додгоҳ кашид? Барои чи, барои он, ки ӯ ҳақиатро ошкор кард?— мегӯяд бо тааҷҷуб Анатолий Кучерена.-Айни замон дар ИМА маъракаи интихоботи президентӣ гузаронида мешавад. Ба фикри ман президенти кишвар номзаде мешавад, ки Сноуденро бубахшад. Имрӯзҳо дар Амрико ҷонибдорони Эдвард Сноуден хеле зиёданд. Чунки мардум мехоҳад дар кишвари озод зиндагӣ кунад. Дар баробари ин онҳо намехоҳанд, ки маркази тафтишотии махсуси ИМА ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон дахолат кунад".

Лентаи хабарҳо
0