Сноуден дар бораи барномаи назорат дар ИМА: ғайриқонунӣ ва бесамар буд

Обуна шудан
Корманди собиқи мақомоти махсуси Амрико Эдвард Сноуден мутаваққиф шудани фаъолияти Санади патриотиоро, ки ба БФТ (ФБР) ва ААМ (АНБ)иҷозаи назорату ҷамъоварии маълумотро дар бораи сокинони Амрико медод, шарҳ дод.

Ба назари Сноуден, ҳукумати ИМА "қартаи террористӣ"-ро ба бозӣ дароварда, мехоҳад ба ин васила таҷрибаи назорати оммавиро роҳандозӣ кунад.

"Сухан сари тарҳҳои қонунӣ намеравад, мушкил ин ҷост, ки ҳарчанд кулли шохаҳои ҳокимият дар ИМА ин барномаро ғайриқонунӣ ва бесамар шумориданд, аммо боз ҳам ҳамонҳо ин тарҳҳоро ҷонибдорӣ мекунанд. Мақомот амалашонро бо суханҳои "таҳдидҳои нави террористӣ" тақвият додан мехоҳанд",- иброз дошт Сноуден аснои як барномаи видеоӣ аз Маскав, ки бо ибтикори созмони  Amnesty International дар Лондон сурат пазируфт.

"Кохи Сафед таҳқиқот гузаронида маълум кард, ки ягон дафъа ам алиёти террористӣ ҷилавгирӣ нашудааст",- илва кард собиқ корманди мақомоти амниятии ИМА.

Эдвард Сноуден баъд аз рабудани асноди сиррӣ оиди ҷамъоварии иттилоъ аз сӯи хадамоти кашфи Амрико ва дар ихтиёри расонаҳо гузоштани ин аснод ба Ҳонконг фирор кард ва баъдан муқими Русия шуд. Дар ин кишвар ба ӯ паноҳгоҳи муваққат додаанд. ИМА талаб дорад, ки Сноуден ба кишвар баргашта барои рабудани иттилооти маҳрамона мавриди муҳокимаи додгоҳ қарор гирад.

Лентаи хабарҳо
0