ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар рафти чорабинӣ роҳбари Sputnik Қирғизистон Елена Череменина дар бораи имкониятҳои мултимедиявии марказ нақл кард. Ӯ баъд аз суханронӣ меҳмононро бо бинои замонавии нашрия, ки он иборат аз интернет-портал, радиостудия ва маркази матбуот аст, шинос кард. Дар охир Сергей Лавров ба рӯзноманигорони Sputnik Қирғизистон муваффақиятҳо таманно кард.
"Хело рамзист, ки ифтитоҳи маркази нави матбуотӣ бо ҷашнгирии Иҷсолияи ҷашнии ИДМ рост омадааст. Зеро Sputnik аз ӯҳдаи ҳамаи ваҳифаҳои ҳамгироии соҳаи иттилоотӣ хело хуб мебарояд. Ғайр аз ин фарҳангҳои гуногунро дар як майдон ҷамъ меоварад. Маркази матбуотӣ бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гаштааст, ки қариб бо тамоми нуқтаҳои дунё метавонад алоқаи видеоӣ барпо намояд ва ба Қирғизистон имконият медиҳад, ки ба қисми иттилооти ҷаҳонӣ ворид гардад ва муошират кунад", — қайд кард роҳбари Sputnik Қирғизистон Елена Череменина.
Бахши иттилооти Sputnik Қирғизистон соли 2014 бо ду забон- русӣ ва қирғизӣ ба кори худ оғоз бахшид. Дар кишвар ин бахш дар рӯйхати ВАО-и интернетӣ ҷойи аввалро мегирад.
Рӯзноманигорони касбӣ ва муҳаррирони ин сомона ба хонандагон ақидаҳои гуногунро дар бораи воқеаҳои ҷории кишвар ва хориҷ пешкаш мекунанд.
Соли 2016 суратгири Sputnik Қирғизистон Табилди Қодирбеков ҷоизадори яке аз озмунҳо Adme Photo Awards 2016 гашт.
Ғайр аз ин Sputnik Қирғизистон бо муассисаҳои давлатии ҷумҳурӣ, аз ҷумла вазоратҳо ва идораҳо муносибати хуб ба роҳ монда, дар чорабиниҳои давлатӣ иштирок мекунанд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд.
Маркази матбуоти мултимедиявии Sputnik Қирғизистон (шаҳри Бишкек, хиёбони Эркиндик, 46)- майдони муосирест, ки дар он метавонанд чорабиниҳои гуногун баргузор шаванд.
Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.