ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Пойгоҳи хабарии Sputnik Латвия ба истифодабарандагон матолиби ҷолиби чандрасонаиро дар шаклҳои: тасвирбаён, навор, гузоришҳои аксӣ, эфири мустақим ва овоздиҳии шабакавии интернетӣ пешниҳод мекунад. Ба ғайр аз хабару гузоришҳо дар торнамои Sputnik Латвия матолиби таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ихтисосӣ ва назари коршиносон ба нашр мерасанд.
«Sputnik — расонаи муосиру мудерн буда, аз ВАО-и дигар қабл аз ҳама бо интихоби мавзӯъоту дидгоҳҳо ва дарки дурусте аз ҷаҳон фаарқ мекунад",- иброз дошт Сардабири Sputnik Маргарита Симонян.
Консепсияи Sputnik — истифода аз фанноварии ҷадиди иттилоърасонӣ, касбияти баланди кормандон ва иртибот бо хонанда маҳсуб ёфта, бо ин сабаб Sputnik тез рушд мекунад ва доираи хонандагонаш дар саросари дунё зиёд мешавад. Шиори «Он чиро мегӯем, ки дигарон намегӯянд" куллан ҷавобгӯи марому ҳадафҳои Sputnik мебошад.
Sputnik (sputniknews.com) хабаргузорӣ ва радио аст, ки бо бахшҳои чандрасонаӣ ва иттилоотӣ дар даҳҳо кишвар фаъол мебошад. Ба "Sputnik" сайтҳо, пахши рақамӣ ва анъанавии радио, нармафзорҳои мобилӣ ва сафҳаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ таалуқ доранд. Барои обуначиён хабарҳои Sputnik ба таври шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, арабӣ ва испониву чинӣ ба нашр мерасанд.