ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон фестивали аврупоии мусиқии электронии таҷрибавӣ Unsound баргузор мешавад.
Чорабинӣ дар осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завкибеков баргузор мешавад. Дар назди мухлисон гурӯҳи мусиқие, ки аз як нафар иборат аст, Stara Rzeka-ҳунарманди лубнонитабор Роҳиб Биинӣ ва гурӯҳи ҳунармандони тоҷик аз Помир "Само" суруд мехонанд.
Ҳамчунин, гурӯҳҳои эҷодӣ санаи 1-уми октябр дар пойтахт, дар Маркази Исмоилия баромад мекунанд. Бояд қайд кард, ки гурӯҳи "Само" ба консерти шаҳри Краков даъват карда шудаанд.
Ғайр аз ин диҷейҳо(DJ) аз клубҳои Тоҷикистон, Олмон, Полша ва Қазоқистон ҷавононро шод мегардананд.
Ватани мусиқии электронии Unsound- шаҳри Кракови Полша ба ҳисоб меравад. Фестивал аз соли 2003-юм сар карда, ҳамасола баргузор мешавад. Хусусияти фарқкунандаи ин чорабинӣ дар он аст, ки фестивал ҳар сол дар як шаҳр баргузор намешавад, он дар шаҳрҳои гуногуни тамоми дунё сафар мекунад. Танҳо ҳамин сол фестивал дар шаҳрҳои Аделаиди Австралия, Бишкек, Батумӣ, Торонто ва Ню Йорк консертҳо барпо намуд.