ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik.Дар Ереван имрӯз Фестивали телевизионии байналмиллалии "ТЭФИ-Содружество" кушода мешавад, ки дар он Тоҷикистон низ ширкат меварзад.
Мақсади фестивал ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкатҳои телевизионӣ ва мутахассисони ин соҳаи кишварҳои ИДМ ва хориҷа мебошад ва он то санаи 18-уми сентябр давом мекунад.
Қайд карда мешавад, ки дар чорабинӣ намояндагони кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Малдова, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Украина ширкат меварзанд.
Бояд ёдовар шуд, ки фестивал бори шашум баргузор мешавад. Ҳамин тавр, имсол дар фестивал 28 намоиш аз 20 ширкатҳои асосии телевизионии 10 кишвари ИДМ ва хориҷ пешниҳод карда мешавад.