Поси хотири Каримов: ҷаласаи Ассамблеяи СММ бо дақиқаҳои хомӯшӣ оғоз меёбад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкМаҷлиси 71-уми ҷаласаи Ассамблеяи гкнералии СММ
Маҷлиси 71-уми ҷаласаи Ассамблеяи гкнералии СММ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Яке аз ҷузъҳои асосии рӯзномаи маҷлиси 71-уми ҷаласаи Ассамблеяи Генералӣ, чуноне ки дар хабар омадааст, “поси хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов мегардад”.

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ, ки санаи 16-уми сентябр баргузор мегардад, ба хотири президенти марҳуми Ӯзбакистон Ислом Каримов бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз мегардад, хабар медиҳад портали ҳукуматии ҷумҳурӣ.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Ассамблеяи Генералии СММ суханронӣ мекунад

"Ба хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон ҷаласаи СММ бо дақиқаи хомӯшӣ оғоз мешавад", омадааст дар хабар.

Яке аз ҷузъҳои асосии рӯзномаи маҷлиси 71-уми ҷаласаи ассамблеяи гкнералӣ, чуноне ки дар хабар омадааст, "поси хотири перзиденти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов мегардад". Ҳамчунин ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин ҷаласа ҳайъати Ӯзбакистон баромад мекунанд.

Каримов санаи 2-уми сентябри соли ҷорӣ дар синни 78 солагӣ дар натиҷаи гирифтор шудан ба сактаи майнаи сар(инсулт) вафот кард. Ӯ дар зодгоҳи хеш тибқи оинҳои мусалмонӣ дафн карда шуд. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президентии кишвар Шавкат Мирзиёев таъин карда шудааст. Интихоботи президентии кишвар санаи 4-уми декабри баргузор мегардад.

Лентаи хабарҳо
0