Ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” ба Петербург нарасида ба Душанбе баргашт

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMҲавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сабаби баргашти киштии ҳавоии “Боинг 737-800” мушкилии техникӣ гуфта мешавад. Ҳавопаймо аз рӯи хатсайри Душанбе-Санкт Петербург парвоз карда буд.

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Яке аз ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" баъди чанд соати парвоз ба  Душанбе баргашт, иттилоъ медиҳанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Сабаби баргашти киштии ҳавоии "Боинг 737-800" мушкилии техникӣ гуфта мешавад. Ҳавопаймо аз рӯи хатсайри Душанбе-Санкт Петербург парвоз карда буд. Қайд мегардад, ки ҳамаи мусофирон тавассути ҳавопаймои дигар "Боинг 737-900" соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Санкт-Петербург фиристонида шуданд.

Ҳавопаймоҳои кадом ширкатҳо аз Тоҷикистон ба Русия парвоз мекунанд

"Ҳайати сарнишинон бомуваффақият кори санҷиширо иҷро намуда, тасмим гирифтанд бо мақсади нигоҳ доштани бехатарии мусофирон баргарданд. Баъди коркарди миқдори зарурии сӯзишворӣ бо мақсади кам кардани вазни киштии ҳавоӣ, ҳавопаймо ба фурӯдгоҳи Душанбе фурӯд омад",-изҳор доштанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.

Ҳамин тавр вақти умумии парвоз 3 соату 26 дақиқаро ташкил дод.

Ҳамчунин қайд шуд, ки ҳамаи мусофирон тавассути ҳавопаймои дигар "Боинг 737-900" соати 02:20 ба вақти маҳаллӣ ба шаҳри Санкт-Петербург фиристонида шуданд.

Лентаи хабарҳо
0