ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд президенти кишвар ба волидони сегоникҳо манзили сеҳуҷрагӣ, ба 25 ҷуфт шаҳодатномаҳои ақду никоҳ ва ба 25 навзод шаҳодатномаи таваллуд супорид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда сохтмонаш моҳи феврали соли 2016 оғоз гардида, дар тӯли 8 моҳ ба пураги сохта ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои манбаъ дар ошёнаи якум толори ақди никоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи дуюм қисмати шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудаанд. Ошёнаи сеюм аз шӯъбаи ақди никоҳ ва аснодҳои ҳолати шаҳрвандии вилояти Суғд иборат мебошад. Дар ин ҷо беш аз 20 утоқи корӣ ва дар таҳхонаи бино ошхона барои 80 нафар дар як вақт, толори қабули меҳмонон бунёд ёфтааст.
"Ҳамчунин ба волидони сегоникҳо Набиев Мутаалибҷон ва Набиева Мағфират калиди хонаи се ҳуҷрага тақдим карда шуд",-омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин хабар дода мешавад, ки қисмати бино барои Ансамбли рақсии «Зебо» — толори бо шароити зарурии тамрин бунёд ёфтааст. Хобгоҳ барои писарбачагон ва духтарон бо 80 кат ва хуҷраҳои ёрирасон сохта шудааст. Толори намоиш ва гузаронидани маҳфилҳо, консертҳо ва дигар вохӯриҳо барои 700 ҷойи нишаст, бо ороиши усули меъморӣ ва санъати миллӣ сохта шудааст.
"Фармоишгари иншоот идораи сохтмони асосӣ вилоят буда, пудратчии асосӣ ширкати сохтмонии ҶДММ «Евростройсервис» мебошад. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо фароҳам гардидани чунин шароит кормандони ин даргоҳро зарураст аст, ки пайваста баҳри тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масоили ватандустиву меҳанпарастиро бештар аз пештара тарғиб намуда баҳри мардуми минтақа хидмати одилонаро анҷом диҳанд",-менависад манбаъ.
Бинои мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ бо харҷи беш аз 30 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.