Тоҷикистониёне, ки шиносномаи онҳоро террористон истифода бурданд, дар Сурия қарор доранд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТаркиш дар назди бинои сафорати Бишкек
Таркиш дар назди бинои сафорати Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди бинои сафорати ҶХЧ дар Бишкек санаи 30 август инфиҷор ба амал омад. Таркиши мазкур аз тарафи аъзои Ташкилоти байналмиллалии террористии(ТБТ) “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” дар Сурия миллаташ уйғур, ки ҳамроҳаш шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи Халилов Зоир дошт, ба амал омад.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik.  Тоҷикистониёне, ки шиносномаи онҳо аз тарафи террористон дар Бишкек истифода шудааст, дар Сурия қарор доранд, хабар медиҳад котиби матбуоти ВКД ҷумҳурӣ Умарҷони Эмомалӣ.

Дар ҳудуди бинои сафорати ҶХЧ дар Бишкек санаи 30-юми август таркиш ба амал омад.  Чуноне ки Кумитаи давлатии  амнияти миллии  Қирғизистон муайян кард, инфиҷорро ҷанговари маргталаб — аъзои ТБТ "Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ" (ҲИТШ) дар Сурия ба амал овардааст, ки шиносномаи шаҳрвани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба номи Халилов Зоир дошт.

"Ду шаҳрвандони Тоҷикистон  дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Маълум нест, ки чӣ тавр шиносномаҳои тоҷикиро бо маълумотҳои шахсии онҳо афроди бегона дар Қирғизистон дастрас намудаанд",- хабар медиҳад Эмомалӣ.

Ба гуфтаи котиби матбуот, Фирдавс Бобоҷонов,  маълумотҳои шахсии шониснае, ки яке аз террористон онро  истифода бурдааст,  ба истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон тааллуқ дорад, ки  ба Сурия барои иштирок дар амалиётҳои ҷангии ҷониби террористон рафтаанд.

"Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ КҶ Тоҷикистон таҳти моддаи 401(зархаридӣ, иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар хориҷ) кушода шудааст",- мегӯяд Эмомалӣ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи Халилов маълумотҳои иловагии  дигар надоранд. Маълумотҳои шиносномаи вай аз тарафи террористи дуюм истифода бурда шудааст ва худи ӯ дар Сурия қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон барои ҳамкорӣ бо террористӣ маргталаб  санаи 16-уми июн ба Қирғизистон Изатулло Саттибоев ба лақаби Алӣ (миллаташ ӯзбак, зодаи шаҳри Ош, ки дар Сурия аз тайёрии терористӣ гузаштааст) омадааст. Мувофиқи маълумотҳои ВКД Тоҷикистон ӯ ба Бишкек бо шиносномаи тоҷикие омадааст, ки ба  Фирдавс Бобоҷонови 21 сола тааллуқ дорад.

Лентаи хабарҳо
0