ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Дар Арабистон зимни адои маросими ҳаҷ се нафар ҳоҷиёни тоҷик вафот кардаанд, хабар дод сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҶТ Афшин Муқим.
Бино ба гуфти Афшин Муқим, Сарабек Маҳмадов, яке аз ҳоҷиёни гузашта 62 сол дошта сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст ва Арал Шукурови 61-сола сокини ноҳияи Дӯстӣ буда, бино ба гуфтаи Кумитаи дин дар водии Мино ҷон додааст.
"Сабаби даргузашти ҳоҷиёни тоҷик баланд шудани фишори хун ва сактаи қалб шуд ва онҳо дар шаҳри Макка ба хок супорида шуданд",-гуфт ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ шахсияти нафари сеюм то ҳол дақиқ карда нашудааст, вале маълум аст, ки ӯ зан мебошад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ ҳангоми иҷрои маносики ҳаҷ ду нафар ҳоҷиёни тоҷик даргузашта буданд, онҳо сокини 66-солаи шаҳри Турсунзода Гулсара Тоҷиева ва сокини 51-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Соҷида Норова буданд, ки қаблан аз бемории қалб ранҷ мебурдаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки имсол Арабистони Саудиро 1 миллион мусулмонон аз 160 кишвари дунё зиёрат мекунанд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.