Дар Тошканд масҷид ба номи Ислом Каримов номгузорӣ мешавад

© Wikimedia/ ShuhrataxmedovМайдони поси хотир дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ
Майдони поси хотир дар Тошканд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарор аст, ки масҷид дар шаҳри Тошканд ба хотри президенти аввлаини Узбакистон Ислом Каримов-“Ислом ота” номгузорӣ шавад, хабар дод духтари собиқ раисҷумҳур Лола Каримова.

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Яке аз масҷидҳо ба хотири президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов номгузорӣ мешавад, хабар дод духтари президент Лола Каримова.

Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Президенти нахустини Узбакистон рӯзи 3 сентябр дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супорида шуд.

Бинои парлумони Ӯзбакистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон мехоҳад номи Ислом Каримовро абадзинда гардонад

 

"Мувофиқи пешниҳоди кормандони дин ва омма оиди номгузории масҷид ба номи "Ислом ота" ба хотири пос доштани номи президенти нахустини Узбакистон, падари ман Ислом Каримов қарор қабул гардид",-навиштааст Лола Каримова дар саҳифаи Facebook-и худ.

Ӯ ёдовар мешавад, ки ин масҷид бар асари сӯхтори соли 2015 қариб ба тамом сӯхта валангор шуда буд. Корҳои азнавбарқароркунӣ бо ибтикор ва маблағгузории духтари президент Лола Каримова ва шавҳараш Тимур Тиллоев ба анҷом расонида шудаанд.

"Дар чунин  рӯзҳои муқаддас, ки мусулмонони тамоми ҷаҳон Иди Қурбонро ҷашн мегиранд, ман мехоҳам ба шумо хабари хуш расонам, ки дар ояндаи наздик масҷиди "Ислом ота" дар шаҳри Тошканд  дарҳои худро барои тамоми мусулмонон боз мекунад",-илова кард ӯ.

Лентаи хабарҳо
0