Раҳмон фаъолони ҷомеаро бо ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид

© Sputnik / Лидия ИсамоваРаиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони дигар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.Имрӯз дар Қасри миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

"Кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва намояндагони дигар бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 2, медалҳои хизмати шоиста, Шафқат, бо унвонҳои фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ордени Спитамен дараҷаи 1, Ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, рутбаҳои навбатии тахассусӣ ва ба олимони ҷавон Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд",- омадааст дар хабар.

Дар охир сарвари давлат тамоми фаъолони ҷомеаро ба муносибати ноил шуданашон ба ҷоизаҳои гуногуни давлатӣ самимона муборакбод гуфт.

Лентаи хабарҳо
0