ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбакистон сарвазири кишвар Шавкат Мирзиёев таъин гардидааст, хабар медиҳад намояндаи қонунгузори палатаи поёни парлумон.
"Шавкат Мирзиёев имрӯз иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбакистон таъин гардида, раиси палатаи болоӣ Неъматулло Юлдошев аз ин вазифа даст кашид",- хабар додааст ҳамсӯҳбати оҷонсии РИА Новости.
Пештар хабар дода шуд, ки палатаи қонунгузор ва палатаи болоии(сенат) Ӯзбакистон рӯзи панҷшанбе, санаи 8-уми сентябр маҷлиси муштараки ғайринавбатӣ баргузор мекунад.
Дар мавзӯи рӯз масъалаи иҷрокунандаи вазифаи перзиденти Ӯзбакистон гузошта шуда буд.
Ҳукумат ва парлумони Ӯзбакистон бегоҳии ҷумъа хабар доданд, ки президенти кишвар Ислом Каримов дар синни 78- солагӣ вафот кард. Дар кишвар се рӯз рӯзи мотам эълон карданд. Каримов рӯзи шанбе мувофиқи васияти хеш дар қабристони Шоҳи-Зиндаи Самарқанд мувофиқи анъанаҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд.