ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раисҷумуҳри Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Самарқанд рафта, бо Шавкат Мирзиёев-роҳбари муваққатии кишвар вохӯрд, иттилоъ медиҳад рӯзи душанбе хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.
"Президенти Қазоқистон ҷиҳати арзи эҳтиром ва зиёрати қабри аввалин президенти Узбакистон Ислом Каримов ба Самарқанд рафт. Дар доираи сафар гузоштани гулчанбар ба қабри собиқ раисҷумҳури Узбакистон ва вохӯрӣ бо аҳлу оилаи ӯ дар назар аст. Ҳамчунин вохӯрӣ бо роҳбари муваққатии кишвар Шавкат Мирзиёев низ баргузор хоҳад шуд",-омадааст дар хабарнома.
Нахустин президенти Узбакистон рӯзи 2 сентябри соли равон дар синни 78-солагӣ аз дунё даргузашт. Президенти нахустини Узбакистон рӯзи 3 сентябр дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супорида шуд.
Мувофиқи конститутсияи кишвар дар ҳолати имконнопазир будани иҷрои вазифаи худ аз ҷониби президент, вазифаҳои ӯ дар муддати се моҳ то интихоботи президентӣ бар дӯши сарвазири кишвар гузошта мешаванд. Шавкат Мирзиёев иҷрокунандаи муваққатии вазифаи президенти Ӯзбакистон таъин гардида, раиси палатаи болоӣ Неъматулло Юлдошев аз вазифа даст кашид.
Чуноне раиси Кумитаи марказии интихобот Мирзо-Улуғбек Абдусаломов хабар дод, интихоботи президентӣ дар Узбакистон 4 декабри соли равон доир хоҳад шуд. Пешбарии номзадҳо аз 30 сентябр оғоз гардида то 20 октябр давом мекунад.