ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Табибони Русия пас аз гирифтор шудани Ислом Каримов ба сактаи майнаи сар кӯшиш намуданд, ки ӯро табобат намоянд.
Чуноне ки вазири тандурустии Русия Вероника Сквортсова ба оҷонсии РИА Новости хабар додааст, ба Тошканд ду гурӯҳи мутухассисони рус, аз ҷумла гурӯҳи табибони қалб бо роҳбарии ҷарроҳи машҳур Лео Бокерией фиристода шуда буданд. Онҳо дар муддати якчанд рӯз барои наҷот додани ҳаёти Каримов мубориза бурданд.
"Табибон тавонистанд, ки бисёре аз амалҳоро анҷом диҳанд, онҳо якчанд рӯз барои ҳаёти ӯ мубориза мебурданд",- мегӯяд Сквортсова.
Президенти аввалини Ӯзбакистон Ислом Каримов дар синни 78-солагӣ дар натиҷаи ба сактаи майнаи сар гирифтор шудан, вафот кард.Ӯ дар зодгоҳи худ шаҳри Самарқанд мувофиқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо чашмҳои ашколуд президенти худро алвидоъ гуфтанд.