Тамокукашони ҷойҳои ҷамъиятиро дар Тошканд ҷарима мекунанд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкТамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Акс аз бойгонӣ
Тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қонуни ҷарима барои тамокукашӣ дар ҷойҳои ҳамъиятӣ ҳанӯз 30 декабри соли гузашта дар Узбакистон қабул гардид, вале дар таҷриба қонун акнун рӯи кор омад, ки барои тамокукашон ногаҳонӣ буд.

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Дар пойтахти Узбакистон барои тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима ҷорӣ кардаанд. Қонуни мазкур ҳанӯз соли гузашта қабул гардида, вале дар таҷриба акнун рӯи кор омадааст, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба нашриёти Nuz.uz.

Бино ба иттилои нашриёт рейди бузурги зидди тамокукашӣ дар ноҳияи Мирободи Тошканд гузаронида шуд. Ҳамин тавр дар наздикии бозори маҳаллӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқ якчанд шаҳрвандони тамокукашро барои риоя накардани қонун дасттгир ва ҷарима карданд.

Худи тамокукашон дар бораи рейдҳои мазкур хабар надоштанд, сарфи назар аз он, ки қонун кайҳо боз қабул гардида буд.

Насвай - Sputnik Тоҷикистон
ВТ: таркиби нос 10 маротиба бештар маводҳои кимиёвии зараррасон дорад

Қонун дар бораи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар Узбакистон ҳанӯз дар охирҳои соли гузашта қабул шуд. Мувофиқи қонун тамокукашӣ дар ҷои кор, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои таълимӣ, варзишӣ ва солимгардонӣ, ҷойҳои дорои сӯзишворӣ, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, дар кучаҳо, майдонҳо, боғҳои фароғатӣ, дар ҳама гуна навъи нақлиёти ҷамъиятӣ манъ карда шудааст.

Қонунвайронкунӣ ҷарима ба қадри сеяки маоши ҳадди ақал ё худ 43,4 ҳазор сумро дар назар дорад.

Лентаи хабарҳо
0