ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Нафақахӯр Ҳусайн-ота қарор додааст масофаи байни зодгоҳаш шаҳри Намангон ва Самарқандро ба хотири видоъ бо президенти нахустини Узбакистон Ислом Каримов тавассути дучарха тай намояд, иттилоъ медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба "Новости Узбекистана".
Масофаи байни ду шаҳр-521 километрро ташкил дода, ноҳамвориҳо ва тундиҳои роҳ барои тай намудаин ин роҳ монеъа нашудаанд.
Хабар дар бораи сайёҳати Ҳусайн-ота бо аксҳояш, ки аз ҷониби шоҳидон гирифта шудааст дар гурӯҳи "Ронандагони Тошканд" дар саҳифаи Facebook нашр шудааст.
Президенти Узбакистон Ислом Каримов, ки дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд ба хок супорида шуд. Нафақахӯр Ҳусайн-ота 521 километрро ба хотири видоъ бо президент тавассути дучарха тай намудааст.