ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар фестивали байналмилалии театрии кишварҳои Осиёи Миёна таҳти унвони "Қазоқистон дили АвруОсиё" иштирок мекунад, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ ҳунармандони театри ҷавонони Тоҷикистон дар ин ҷашнвора намоиши "Шабе дур аз Ватан"-ро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард.
"Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур- мустаҳкам кардани робитаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи санъати театр, фароҳам овардани шароит барои амалӣ гардонидани барномаҳои муштарак байни гурӯҳҳои театрӣ, инчунин ҷалби диққати театрҳо ба навъҳои замонавии раванди театрӣ мебошад",-гуфта мешавад дар хабарнома.
Фестивали мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад.
Ҷашнвора аз 10 октябри соли равон шурӯъ шуда то 14 ҳамин моҳ идома мекунад.