https://sputnik.tj/20160909/1020632482.html
Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад
Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, роҳбари нави кишвар дар муддати се моҳ пас аз сари ҳукумат рафтани президенти собиқ, интихоб мешавад. 09.09.2016, Sputnik Тоҷикистон
2016-09-09T16:49+0500
2016-09-09T16:49+0500
2016-09-12T11:34+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/i/logo/logo-social.png
ӯзбакистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2016
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
осиёи марказӣ, сиёсат , ҳамаи хабарҳо, ӯзбакистон, санаи интихоботи президентӣ дар ӯзбакистон муайян шуд
осиёи марказӣ, сиёсат , ҳамаи хабарҳо, ӯзбакистон, санаи интихоботи президентӣ дар ӯзбакистон муайян шуд
Интихоби президентӣ дар Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр баргузор мегардад
16:49 09.09.2016 (Навсозишуда: 11:34 12.09.2016) Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, роҳбари нави кишвар дар муддати се моҳ пас аз сари ҳукумат рафтани президенти собиқ, интихоб мешавад.
ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Рӯзҳои аввали моҳи декабр дар Ӯзбакистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Санаи овоздиҳӣ аллакай маълум аст- 4-уми декабр.
"Мувофиқи қарори Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбакистон ва мувафиқи моддаҳои сарқонуни кишвар ва қонунҳо дар бораи интихоби президенти Ҷумҳурии Ӯзбакистон, рӯзи интихоботи президенти Ӯзбакистон санаи 4-уми декабр муайян карда шавад",- эълон намуд раиси Кумитаи марказии интихоботӣ Мирзо-Улуғбек Абдусаломов.
Аввалин президенти Ӯзбакистон сани 2-юми сентябр дар синни 78-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ дар зодгоҳи худ- шаҳри Самарқанд тибқи оинҳои мусалмонӣ ба хок супорида шуд.
Мувофиқи сарқонуни ҷумҳурӣ, ҳангоми вазифаи худро иҷро карда натавонистани президенти амалкунандаи Ӯзбакистон, вазифа ва салоҳияти вай муваққатан ба ба зиммаи раиси палатаи болоии парламент гузошта шуда, дар давоми се моҳ интихоботи президентӣ гузаронида мешавад.
Сарвазири Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев муваққатан иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар тасдиқ гардид. Раиси палатаи болои Неъматулло Юлдошев аз ин вазифа ихтиёран даст кашид.