Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон

© Предоставлено Nicolas PernotРақси миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Рақси  миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чорабиниҳоифарҳангии таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми боғҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Рӯзи 8 сентябр дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон консерти тантанавӣ бо иштироки устодони санъат баргузор мегардад, хабар медиҳад вазорати фарҳанги ҶТ.

Ҳамчунин санаи 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказӣ ба муносибати таҷлили ҷашни  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши театрикунонидашуда ба меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе манзур хоҳад шуд, омадааст дар хабар.

Чорабиниҳои тантанавии таҷлили 25-умин солгарди  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар тамоми боғҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешаванд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи истиқлолияти миллӣ санаи 9-уми сенябр қайд карда шуда, ба муносибати он дар тамоми  шаҳру ноҳияиҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ва гашти оммавӣ баргузор мешвад.

Лентаи хабарҳо
0