ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Дар Душанбе натиҷаи озмуни эълонгардидаи вилоят, шаҳр, ноҳия, ҷамоат, деҳот, маҳалла, хона ва оилаи беҳтарин муайян гардид.
Чорабинӣ ба муносибати 25-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида шудааст.
Ҳамагӣ дар ин озмун 412 ҳазор оила, 4144 деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр,3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд.
Ба ғолибони озмун аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфа ва мукофотҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ҳар як намуна аз номинатсияҳои озмун мукофоти олиро сазовор шуданд: Вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанд, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абӯабдуллои Рӯдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, хонаи Рустам Исмоилови шаҳри Норак ва оилаи Саъдуллоевҳои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт.
Ғайр аз ин ҳар як номинатсияи озмун се ҷойи мукофотӣ дошт.
Беҳтарин вилоятҳои кишвар мукофотпулиро ба қадри 50 ҳазор сомонӣ мегиранд. Шаҳрҳои беҳтарин ва ноҳияҳои беҳтарин бошанд 30 ҳазор сомонӣ, шаҳрак ва ҷамоатҳо- 20 ҳазор сомонӣ, қишлоқ ва маҳаллаҳо-10 ҳазор сомонӣ ва оилаи беҳтарини кишвар —8 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегиранд.