ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Мақомоти давлатии вилояти Суғд натиҷаҳои озмуни "Беҳтарин бофандаи атлас"-ро маълум кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар озмуни мазкур даҳ нафар бофандагони моҳири атлас иштирок карданд. Онҳо тарзи тайёр намудани матои дутарафаро намоиш доданд.
"Тибқи натиҷаҳои озмун ва баҳодиҳии ҳакамон Гран-прии озмун насиби беҳтарин бофандаи вилояти Суғд Фотима Малаева гардид. Ҷои аввалро Лутфи Файзибоева ба даст оварда, мақоми дуюм ва сеюм ба Зарина Ҳоҷинеъматова ва Гулсара Каримова дода шуд",-омадааст дар иттилоия.
Ба соҳиби Гран-при мукофоти пулӣ ба миқдори 5 ҳазор сомонӣ ва ба гирандагони мақомҳои аввал дуюм ва сеюм ба миқдори 3,2 ва 1 ҳазор сомонӣ тӯҳфа карда шуд.
Ҳадафи асосӣ аз гузаронидани озмуни бофандаи беҳтарини атлас, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ мебошад. Мақомоти вилоят ҳамчунин умедвор аст, ки озмун барои ба кор ҷалб намудани занон мусоидат хоҳад кард.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ озмуни "Беҳтарин бофандаи атлас" баргузор мегардад.