КДАМ: муқовимати сарҳадбонони тоҷик бо қочоқчиёни афғон дар марз

© AFP 2023 / VYACHESLAV OSELEDKOСарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Сарҳадбон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон тафтишот идома доранд.

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон боз як задухурди мусаллаҳона миёни сарҳадчиёни тоҷик ва қочоқчиёни афғон ба вуқӯъ пайваст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуотии Неруҳои сарҳадии КДАМ, дар дидбонгоҳи марзии ноҳияи Ҳамадонӣ гуруҳи 6-7 нафараи қочоқчиёни афғон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯбарӯ шуданд.

"Қочоқчиён ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарданд ва дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрди шадиди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад",- меафзояд манбаъ.

Сарчашма мегӯяд, сарҳадбонони тоҷик чусту чолокӣ ва муқовимати шадид нишон доданд, ки дар натиҷа ду нафар аз қочоқчиён захмдор шуда, боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи Афғонистон фирор намуданд.

Ҳоло нисбат ба ин ҳодиса аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон  тафтишот идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0