Таркиши назди сафорати Чинро шаҳрванди ҶТ ба амал овардааст

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТаркиши назди сафорати Чин дар Бишкек
Таркиши назди сафорати Чин дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мувофиқи маълумотҳои КДАМ фармоишдиҳандаи ҷиноят эмиссарони ташкилоти террористии уйғурӣ будаанд, ки дар ҳудуди Сурия фаъолияти худро ба анҷом мерасонидаанд. Онҳо ҳангоми иҷрои нақшаи худ шаҳрвандони Қирғизисонро ҷалб намудаанд.

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik.  Ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон даст дод, ки шахсияти террористи марговарро муайян намоянд, ки дар назди сафоратхонаи Чин дар Бишкек таркиш ба амал оварда буд, хабар додааст ба РИА Новости намояндаи хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

"Ҳайъати ҷинояткороне, ки ба ташкилоти террористии мазкур шомил буда, дар ташкил намудани таркиш дар назди сафорати Чин даст доранд муайян карда шудааст. Ёдовар карда мешавад, ки инфиҷори мазкур ба бино ва бунёди сафорат зарари калон овардааст",- хабар медиҳад ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Таркиши назди бинои сафорати Чин дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти амнияти СММ ҳодисаи инфиҷори назди сафорати Чинро дар Бишкек баҳс намуд

Тибқи маълумотҳои КДАМ фармоишдиҳандаи ҷиноят эмиссарони ташкилоти террористии Уйғурӣ буданд, ки дар ҳудуди Сурия фаъолияти худро барпо намудаанд. Онҳо дар иҷрои нақшаи террористиашон шаҳрвандони Қирғизисонро ҷалб намуданд.

Бевосита иҷрокунандаи ҳодиса шаҳрванде мебошад, ки шиносномаи тоҷикӣ дорад ва миллаташ уйғур мебошад.

Худи амали террористиро бевосита марде ба амал овардааст, ки шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон буда, миллаташ уйғур мебошад.

Лентаи хабарҳо
0