Хадамоти амнияти СММ ҳодисаи инфиҷори назди сафорати Чинро дар Бишкек баҳс намуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкТаркиши назди бинои сафорати Чин дар Қирғизистон
Таркиши назди бинои сафорати Чин дар Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар шӯрои амнияти СММ эълон намуданд, ки бояд ҷинояткорони ҳуҷуми террористии сафоратхонаи Чин дар Бишкек ҷазо дода шаванд.

Пештар, рӯзи сешанбе дар ҳудуди сафоратхонаи Чин дар Бишкек инфиҷор ба амал омад. Мувофиқи маълумотҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ автомобил бо моддаи тарканда дар ҳудуди сафоратхона таркиш ёфт. Дар вақти инфиҷор террорист-маргталаб ҳалок шуд ва якчанд кормандони сафорат- шаҳрвандони Қирғизистон  ҷароҳат бардоштанд. Касе аз намояндагони сафорати Чин зарар надидааст. Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қирғизистон дар бораи ин ҳодиса мувофиқи моддаи "терроризм" парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

"Аъзоёни Шӯрои амният инфиҷори назди сафоратхонаи Чинро,  ки дар натиҷаи он санаи 30-юми август кормандони сафоратхона зарар бардоштанд, ҷиддӣ муҳокима намуданд,",- омадааст дар хабар.

Кормандони полис дар ҷойи ҳодиса дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Дар сафоартхонаи Чин дар Бишкек таркиш ба амал омад

"Кормандони ХА қайд намуданд, ки ҳукумати Қирғизистон кӯшиш карда истодааст, то ҳодиса мазкурро пурра тафтиш намояд. Бояд дар тафтиш намудни ин инфиҷор ташкилотчиён, маблағгузорон ва иҷрокунандагон ҷалб карда шаванд",- қайд карда мешавад дар хабар.

Марбут ба ин Шӯрои амнияти СММ аз  тамоми давлатҳоро даъват намуд, ки "мувофиқи ӯҳдадориҳои  ҳуқуқи байналмиллалии худ бояд бо ҳукумат ва мақомот  ҳамкорӣ намоянд."

 

Лентаи хабарҳо
0