Рӯзи дониш дар Данғара- ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара

© Пресс-служба президента ТаджикистанаИфтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара. 1 сентябри соли 2016
Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара. 1 сентябри соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар аснои рӯзи дуюми сафари корӣ худ ба ноҳияи Данғара президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии Данғараро мавриди истифода қарор дод.

ДУШАНБЕ, 1 сен. — Sputnik. Сохтмони бинои муҳташами Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи марти соли 2008 оғоз шуда буд ва бо харҷи 177 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои таҷлили 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Донишгоҳ аз 17 бино, аз ҷумла 2 хобгоҳи 9 — ошёна бо беш аз 2000 ҷойи хоб барои донишҷуён, 3 бинои истиқоматии 5 ошёна бо 60 ҳуҷра барои омӯзгорон, толори варзишгоҳ бо 450 ҷойи нишаст, толори зебову мунаққаши фарҳангӣ бо 530 ҷойи нишаст, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, китобхона барои нигаҳдории 650 ҳазор адад китоб ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 4 ҳазор нафар донишҷу дар як баст бунёд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар давоми сафари кории худ ба Данғара, 31 августи соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

Аз оғози соли таҳсили 2016-2017 дар 6 факулта ва 20 кафедра аз рӯи ихтисоси педагогика ва технологияҳои таълимотии муосир, иқтисодиёти инноватсионӣ ва менеҷмент, аграрӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ, муҳандисӣ ва технологияи муосири истеҳсолӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ ва ғайра мутахассис тайёр карда мешавад, омадааст дар хабар.

Дар Донишгоҳ зиёда аз 150 нафар устодон, аз ҷумла 4 доктори илм, 27 нафар номзади илм ва дотсент фаъолият мекунанд. Айни ҳол 2615 донишҷӯ аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар ин ҷо аз рӯи 30 ихтисос дар зинаи бакалавр ва 8 ихтисос дар зинаи магистр мутахассис тайёр карда мешавад. Дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ аз рӯи 23 тахассус унвонҷӯён ба таҳқиқоти илмӣ машғул мешаванд.

Хотиррасон карда мешавад, ки бо дастри раисҷумҳур ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар донишгоҳи мазкур коргоҳи адрасбофӣ ва маркази тарроҳону дӯзандаҳо ифтитоҳ ёфтааст. Дар коргоҳ як гурӯҳ ҷавондухтарони вилояти Суғд нозукиҳои ин касбро меомӯзонанд. Гуфта мешавад, ки дар ин коргоҳ асосан занони хонашин ба кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Пас аз боздид аз бинои Донишгоҳи давлатии Данғара президенти кишвар бо донишҷӯён сӯҳбат доир намуд

Лентаи хабарҳо
0