ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати анҷоми сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф овард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия пешвоз гирифтанд.
Раисҷумҳур дар давоми ин сафар дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат варзида, дар чорабинии Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии Данғара иштирок ва суханронӣ хоҳад кард.