ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Истиқоматкунандагони Тоҷикистон шикоят мебаранд, ки маблағи худро аз шӯъбаҳои ду бонк- "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинивестбонк" гирифта наметавонанд. Барои чӣ бисёре аз одамон маблағи худро гирифта наметавонанд. Аҷибаш ин аст, ки дар худуд ин муассисаҳои молиявӣ вуҷуд доштани ягон мушкилиро инкор мекунанд.
Ҳамин тавр дар "Агроинивестбонк" ба мухбири мо гуфтанд, ки ягон мушкилӣ нест. "Ин маълумоти дар дастдоштаи Шумо аҷиб аст",- гуфтааст оператори маркази алоқа.
Дар "Тоҷиксодиротбонк" гуфтанд, ки мушкилии ночизе бо амонатҳо мавҷуд аст, аммо бо маош ягон мушкилӣ нест.
Аммо,чуноне ки ба мо маълум гардид, дар ҳақиқат мушкилӣ мавҷуд аст. Манбаъ (махфӣ доштани худро иброз намуд),афзуд, ки дар гирифтани маблағҳо мушкилӣ мавҷуд аст.
"Ба ман паёмак омад, ки ба ҳисобам пул гузаштааст, аммо дар бонк мегӯянд, ки маблағ мавҷуд нест. Дар ҳоле, ки онҳо намедонанд, ки кай пул мешавад, ман бошад бояд ҳисобҳоямро пур кунам",- бо ҳиссиёт дар бораи вазъияти дар "Агроиневестбонк"ба ваҷудомада фаҳмонид вай.
Бояд қайд кард, ки Sputnik Тоҷикистон ячанд маротиба дар бораи мушкилии бавуҷудомадаи системаи молиявии Тоҷикистон нақл намудааст.
Пештар ҳукуматдорон якчанд маротиба ба донишкадаҳои байналмиллалии молиявӣ барои кӯмак муроҷиат карда буданд. Ҳамин тавр ба Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод карда шуда буд, ки "Тоҷиксодиротбонк"-ро бо харидани саҳмияҳои он наҷот диҳад. Ғайр аз ин ҳукумати Тоҷикистон ба Хазинаи байналмиллалии асъор муроҷиат намуда буд.
Муовини Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолуддин Нуралиев ба воситаи мусоҳиба ба рӯзномаи Financial Times иброз намуда буд, ки дар баромадан аз блоки бӯҳрони иқтисодӣ кӯмак мепурсанд: "Тоҷикистон маҷбур аст, ки аз хазинаи байналмиллалии пул(ХБП) барои дастгирӣ намудани иқтисоди миллӣ 500 млн доллар кӯмак пурсад",-эълон карда буд ӯ дар рафти мусоҳиба, моҳи феврали соли 2016.
Ғайр аз ин иқтисодчӣ Самиҷон Насриҷонов ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки мушкилии иқтисодии Тоҷикистон аз кам шудани интиқоли маблағи пулӣ аз Русия вобаста аст.
"Аз сабаби кам шудани даромад амволи ғайриманқул арзон шуд, ки қисми зиёди онҳо дар бонкҳо ҳамчун гарави қарзҳо гузошта шуда буданд, бонкҳо бошанд ҳоло амволи ба гаравгузошташударо ба фурӯш гузошта наметавонанд. Дар натиҷа сандуқи қарзии бонкҳо карахт гаштанд. Тавозуни ҳамаи онҳо хуб аст, аммо гардиши маблағҳо кам шудааст",- фикр мекунад коршинос.
Имрӯзҳо ба гуфтаи иқтисодшинос бонкҳо маҷбуранд, ки Шартномаҳои қарзиро дароз намуда, интизор шаванд, ки вазъият кай хуб мешавад. Ӯ фикр мекунад, ки бисёре аз ҳисобҳои мурсилотии бонкҳо холӣ аст, барои ҳамин ҳам дар банкаматҳое, ки пул медиҳанд мушкилӣ ба вуҷуд омадааст.
Пеш аз 1-уми июли соли 2016 мизоҷони ҶСК "Агроинивестбонк" ҳис карданд, ки мушкилӣ ба вуҷуд омадааст. "Дадани маблағҳо маҳдуд гаштааст, мо метавонем фақат 400доллар ва 500 сомон ба як корт диҳем.То вақти номуайн додани маблағҳо мавқуф шудааст ", — ҷавоб медиҳад ба мизоҷон хазинадори Агроинивестбонк.
Навбат дар назди ҳама банкаматҳои садҳо одамонро ташкил медиҳанд.
ҶСК "Агроинивестбонк" пас аз он ки соли 2012 ба муфлисшавӣ наздик гашта буд, қисман давлатӣ гашт. Он вақт барои наҷот додани бонки асосии кишвар, ки муфлисшавии он ба паст шудани тамоми низоми бонкӣ оварда мерасонид, ҳукумат бонкро ба маблағи 700 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда, ҳамин тавр ба 51% саҳмияҳои он соҳиб гашта буд.