ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ рейтинги давлатҳоро оид ба самаранокии логистика LPI (англ. Logistics Performance Index) пешниҳод кардааст, хабар дода мешавад дар торномаи бонк.
Дар давоми ду соли охир Тоҷикистон 39 зинаро аз даст дода аз 160 кишвари дунё дар зинаи 153-юм қарор гирифт. Барои муқоиса, ҷумҳурӣ соли 2014 аз рӯи ин нишондод дар зинаи 114 ҷой гирифта буд.
Имсол дар рейтинги самаранокии логистика кишварҳои зерин пешсафанд: Олмон, Люксембург, Шветсария, Нидерландия ва Сингапур.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми баландро Қазоқистон (зинаи 77-ум) касб карда, Ӯзбекистон дар зинаи 118-ум, Туркманистон — 140-ум ва Қирғизистон — дар мақоми 146-ум қарор гирифтаанд.
Индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index)-и Бонки ҷаҳонӣ содда будани амалисозии интиқоли бору маҳсулот ва ҳолати логистикаи савдо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро месанҷад. Нишондиҳандаи самаранокии кори занҷираҳои ҳамлу нақл дар тиҷорати байналмилалӣ санҷида шуда ҳар ду сол ба он баҳогузорӣ мешавад.