ВКД ФР: Ҳукумати Душанбе бояд фикри собиқадорони ҷангро ба назар гирад

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкНамояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ
Намояндаи расмии ВКХ-и Русия Мария Захарова. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони Русия умед доранд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар вақти дигар намудани номи кӯчаҳое, ки ба қаҳрамонони советӣ, намояндагони илм, санъат ва фарҳанги даврони шӯравӣ бахшида шудааст, фикри собиқадорони ҷангу меҳнатро ба назар мегиранд.

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Намояндагии расмии ВКХ ФР Марияи Захарова  изҳороти  ҳукуматдорони шаҳри Душанберо дар дигар намудани номҳои кӯчаҳои ба шарофати қаҳрамонони Ҷанги бузурги ватанӣ, арбобони илму фарҳанг ва санъати давраи Шӯравӣ гузошташуда тавзеҳ дод.

"Ман ин хабарро ходам, ки ҳукумати Душанбе иқдоми дигар намудани номи кӯчаҳоро дорад. Сухан дар бораи кӯчаҳое меравад, ки ба шарофати қаҳрамонони Ҷанги бузурги ватанӣ, арбобони илму фарҳанг ва санъати давраи Шӯравӣ номгузорӣ карда шудааст"- мегӯяд Захарова.

Вай ҳамчунин қайд намуд, ки ин мавзӯъ  дар ВАО-и кишвар доман паҳн намудааст ва дар атрофи он вокушишҳои зиёд ҷамъ омадаанд.

"Ман ҳамчунин мутоила намуда, ки як қатор таърихшиносони бонуфуз ба мисоли намояндагони ташкилотҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳатто аҳли донишҷӯёни Тоҷикистон хостаанд, ки ин номҳо нигоҳ дошта шавад, зеро бо он саҳфаҳои пурарзиши таърихи халқҳои мо нигошта шудааст"- қайд кард, дипломат.

Захарова умед дорад, ки ба ин ақидаи шахсони бонуфузи кишвар, аз ҷумла ба фикри собиқадорони ҷангу меҳнат ҳукуматдорон  назар меандозанд.

Мувофиқи нишондодҳои ВОА ва сомонаи маъмурияти шаҳр ба ин рӯйхат кӯчаҳои ба шарофати қаҳрамонони ҶБВ гузошташуда, чун Зоя Космодемянская, Александр Матросов ва  Николай Гастелло дохил шудаанд.

Ғайр аз ин ба нақша гирифта шудааст, ки  номикӯчаҳои ба номи Студенческий, Бабушкин, Воровский Гончаров, Комсомол, Петровский Алексея Толстой, 40-солагии октябр, Сергея Лазо ва Юлиус Фучик дигаргун карда мешавад.

Ин кӯчаҳо ба номи арбобони маъруфи тоҷик гузошта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0