ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ва Туркманистон ба муносибати 25 солагии рӯзи истиқлолияти давлатӣ якчанд чорабиниҳо ташкил мекунанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.
Ҳафтаи оянда санаи 24-уми август дар театри давлатии опера ва болети ба номи Садриддин Айнии Тоҷикистон намоишгоҳи намунаҳои фарҳанг баргузор мегардад.
Ғайр аз ин консерти якҷояи ҳунурмандони ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию тадқиқотӣ ташкил мегардад.
Дар вилояти Хатлон ҳам, санаи 25-уми август дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ конфронс ва консерти идона баргузор мешавад.
Иди милии асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасла санаи 9-уми сентябр қайд карда мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аллакай рамзи чорабинии дар пеш истодаро тасдиқ намудааст.