Президенти Тоҷикистон рамзи ҷашни истиқлолиятро тасдиқ кард

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии сарвари давлат, раисҷумҳури Тоҷикистон ангораи ҷашни истиқлолиятро, ки аз ҷониби Академияи мусаввирии кишвар пешниҳод гардидааст, тасдиқ кард.

 

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатиро тасдиқ намуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии роҳбари давлат.

Гуфта мешавад, ки ангораи мазкур ба таври васеъ метавонад ҳамчун рамзи 25-солагии истиқлолияти давлатӣ истифода шавад.

© Сайт президента ТаджикистанаРамзи 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмблема 25-летия государственной независимости Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Рамзи 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин қайд мегардад, ки ангораи мазкур барои корбарӣ ва мавриди истифода қарор додан ба вазорату кумитаҳо, идораҳо, ширкату иттиҳодияҳо, корхонаҳо, бонкҳои саҳомӣ, рӯзномаи расмӣ, ташкилоту муассисаҳо,ҷамъиятҳо, иттифоқҳо, мактабҳои олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилотҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе пешниҳод мегардад.

Ҷашни истиқлолият ҳамасола 9-уми сентябр қайд мешавад.

Қаблан хабар дода шуд, ки бахшида ба 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ дар саросари ҷумҳурӣ  бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон озмуни "Суруди Ватан" баргузор мегардад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0